Озмун барои тренерон

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи "Иштироки шаҳрвандон дар равандҳои буҷетӣ, шаффофияти буҷет"-и барномаи "Худидораи маҳаллӣ" барои иштирок дар кори серӯзаи омӯзиши тренерон (ТОТ) оид ба гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятии буҷет озмуни кушод эълон менамояд

 

Ҳадаф аз ин озмун интихоби иштирокдорони омӯзиш барои трененрон аст, ки ба масъалаҳои ривоҷ додани маҳорати тренерон барои омӯзонидани мақомотҳои маҳаллии давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ оид ба истифодаи технологияҳои самарабахши доир намудани муҳокимаҳои ҷамъиятии буҷети маҳаллӣ равона карда шудааст.

Меъёри интихоби иштирокдорони омӯзиш:

• таҷрибаи амалии кори тренерӣ (на камтар аз 2 сол) оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва буҷети ҶТ;

• қобилияти ба тарзи тахассусӣ тартиб додани барнома ва гузаронидани омӯзиш дар асоси маълумоти ба дастоварда дар бораи роҳҳои баланд бардоштани шаффофияти буҷет;

• омода будан ба сафари минтақаҳо барои гузаронидани омӯзишҳо.

Пас аз ҷамъбасти омӯзиш барои амалӣ намудани лоиҳаи "Иштироки шаҳрвандон дар равандҳои буҷетӣ, шаффофияти буҷет" тренерони болаёқатманд интихоб карда мешаванд.

Барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешнҳод карда шаванд:

• дархост барои иштирок дар кори омӯзиш;

• резюме (CV);

• нусхаи шиноснома.

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 20 сентябри соли 2011.

Дархостро метавонед дар дафтари кории ИҶК БМ бо суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷорати «Vefa», ошёнаи 4-, тел: 227-55-58, 441-07-44; 441-07-46, (92) 761 25 25 ё ба воситаи почтаи электронии firuza@osi.tajik.net дастрас намоед.

Шахси масъул: Фируза Очилова.

Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои ИҶКБМ –Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд, номукаммаланд ва ё пас аз мӯҳлати зикргардида расидаанд, баррасӣ намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

Пурсиш

Оё истифодаи шиканҷаро аз ҷониби мақомоти ҳифзи хуқуқ метавон дуруст шуморид?

Бале, ба таври дигар ҷиноят ифшо намешавад. - 17.9%
Не, истифодаи шиканҷа манъ аст. - 78.6%
Дар Тоҷикистон шиканҷа нест. - 3.6%
Барои ман фарқаш нест, бигзор шиканҷа кунанд. - 0%

Total votes: 28
The voting for this poll has ended on: 11 Май 2012 - 01:19
Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj