Баррасии Лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи самти омодагии ихтисосҳои «Журналистика»

Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» 4 майи соли 2012 дар мавзӯи «Баррасии Лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи самти омодагии ихтисосҳои «Журналистика» ва «Журналистикаи байналхалқӣ» дар давраи гузариш ба низоми кредитии таҳсилот", «Мизи мудаввар» баргузор менамояд.

Мавзўи нишаст баррасии лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи самти омодагии ихтисосҳои «Журналистика» ва «Журналистикаи байналхалқӣ» тибқи талаботи низоми кредитии таҳсилот", нчунин Тавсияҳо барои таҳияи Стандарти давлатии ихтисосҳои «Робита бо ҷомеа» ва «Корманди адабӣ» («Фаъолияти таҳририву ноширӣ») мебошад, ки Гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва коршиносони соҳа омода намудаанд.

Подробнее: Баррасии Лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи самти...

Дар Душанбе Анҷумани «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад

12 ноябри соли 2011 бо ибтикори СҶ «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар толори Филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносови ш. Душанбе Анҷумани чоруми минтақавии «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» (DYCA) ба кори худ шурӯъ мекунад. Ҳадафи форуми мазкур оммавӣ кардани таҷрибаи комёбиҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.

Подробнее: Дар Душанбе Анҷумани «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гузаронидани мониторингро дар муассисаҳои пӯшида меомӯзанд

Аз 21 то 25 ноябри соли 2011 Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Фонд ҳамҷоя бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, Сафорати Британия дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии СҶ «Нота Бенне» дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тренинг мегузаронад. Тренинг ба масоили ҳуқуқи инсон ва чӣ тавр гузаронидани мониторинг оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида бахшида мешавад.

Подробнее: Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гузаронидани мониторингро дар муассисаҳои пӯшида меомӯзанд

Дар Душанбе омӯзиши аксбардории мустанад «Simple Photography» баргузор мегардад

Бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 1 то 4 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе омӯзиши интенсивӣ оид ба фотожурналистика ва аксбардории мустанад «Simple Photography» баргузор мегардад.

Подробнее: Дар Душанбе омӯзиши аксбардории мустанад «Simple Photography» баргузор мегардад

Дар Душанбе системаи ягонаи шомил шудан ба макотиби олӣ баррасӣ мешавад

18 - 19 ноябри соли 2011 бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамкории вазорати маориф, Маркази миллии тестӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази исмоилияи ш. Душанбе мизи гирд оид ба масоили рушди системаи санҷиши миллӣ барои шомил шудан ба макотиби олии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар сӯҳбати мизи гирд амалӣ намудани системаи ягонаи имтиҳоноти дохилшавӣ, шартҳои умумии интихобу шомилшавии довталабон ба макотиби олӣ ва нақши донишгоҳҳо дар ситемаи мазкур баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин дар мизи гирд таҳлили таҷрибаи кишварҳои дигари минтақа оид ба рушди системаи ягонаи санҷишӣ барои шомилшавӣ ба макотиби олӣ дар назар аст.

Подробнее: Дар Душанбе системаи ягонаи шомил шудан ба макотиби олӣ баррасӣ мешавад

Мизи мудаввар «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ»

6 октябри соли 2011 дар толори конфронсии Маркази тиҷоратии «Вафо»-и ш. Душанбе бо дастгирии барномаи «Қадам ба қадам»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мизи мудаввари «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ» баргузор мегардад.

Подробнее: Мизи мудаввар «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии...

Пурсиш

Оё истифодаи шиканҷаро аз ҷониби мақомоти ҳифзи хуқуқ метавон дуруст шуморид?

Бале, ба таври дигар ҷиноят ифшо намешавад. - 17.9%
Не, истифодаи шиканҷа манъ аст. - 78.6%
Дар Тоҷикистон шиканҷа нест. - 3.6%
Барои ман фарқаш нест, бигзор шиканҷа кунанд. - 0%

Total votes: 28
The voting for this poll has ended on: 11 Май 2012 - 01:19
Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj