Бобоев Муҳаммадӣ Қурбонович - раиси раёсат, муҳаққиқи касбӣ, менеҷер ва корманди бонк бо таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи макроиқтисодёт ва сиёсати либерализатсияи савдо, маблағгузории берунии байналмилалӣ ва ғайра мебошад. Имрўз ба ҳайси сардори Мудирияти муносибатҳои молияии байналхалқии СК «Агроинвестбонк», раиси Раёсати Шўъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва устоди кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Бобоем М. Қ. дорои дараҷаи бакалавр бо ихтисоси «Молия ва қарз» (аъло, 2001), Магистри муносибатҳои иқтисодии байналхалқии (аъло, 2003) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дипломи ҳуқуқшинос (2003) Донишгоҳи Русию Славянӣ. Инчунин, Бобоев М. К. дараҷаи магистрро дар соҳаи инкишофи иқтисодии Донишгоҳи Манчестер (Британияи Кабир, 2004) ва унвони номзади илми иқтисодии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати рушди савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ў ҳамчунин хатмкардаи Барномаи Пешвоёни ҷавони Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс (ИМА, 2010) мебошад. Бобоев М.Қ. ҳамчунин дар курсҳои гуногуни касбӣ оид ба менеҷменти стратегӣ, идорукунии корпоративӣ, санъати бурдани гуфтушунидҳои тиҷоратӣ, интиқоли пулӣ, ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ ва бонкдории исломӣ иштирок намудааст. Бобоев М.Қ. дар соҳаҳои макроиқтисодиёт, инкишофи иқтисодии Тоҷикистон, муҳити соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дурнамоиҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЕВРАЗЭС тадқиқот гузаронидааст. Муаллифи якчанд мақолаву китобҳои нашршуда, аз ҷумла Ҳисоботи Бонки Рушди Осиё оид ба маблағгузарониҳои пулӣ ва таъсири он ба бахши молиявӣ, китоби дарсӣ барои донишҷуён мебошад. Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмиаш бо масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳон, рушди иқтисодӣ, маблағгузории байналмилалии кишварҳои рӯ ба инкишоф алоқаманд мебошад.
|
Сабоҳат Ҷумъаева - узви раёсат, адвокат оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ. Соли 1987 бо дипломи аъло факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Беш аз 15 сол дар додситонӣ кор карда, ба дараҷаи 1-уми мушовири адлия расидааст. Ӯ ҳамчун мушовири ҳуқуқи инсон ва демократикунонӣ дар Маркази САҲА, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои UNTOP ва UNDP дар Тоҷикистон, мудири шӯъбаи ҳуқуқи бонки тиҷоратӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 ҳамчун ҳамоҳангсози иттилоот оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатгузории Маркази UNTOP кор карда, онро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ сабти ном намудааст. Ӯ аз соли 2008 роҳбари маркази мазкур мебошад. Моҳи апрели соли 2011 узви Раёсати Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон интихоб шудааст. |
|
Иззатманд Саломов -узви раёсат, соли 1984-ум факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси тарҷумони забони арабӣ хатм кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳ, беш аз 5 сол дар давлатҳои гуногуни Арабистон сафарҳои хидматӣ намудааст. Соли 1988 фаъолияти рӯзноманигориашро дар кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ оғоз менамояд. Аз соли 1997 то ин дам дар намояндагии Интернюс Неутворк фаъолият намуда, соли 2007 роҳбари шӯъбаи Интернюс –Тоҷикистон интихоб мегардад. Мутахассис, тренери касбии соҳаи ВАО мебошад (барои рӯзноманигорони шабакаҳои хусусии телевизионӣ семинар-тренингҳои гуногун мегузаронад). Муаллиф/режисёри бархе аз филмҳои наворӣ буда (ба забони тоҷикӣ), даҳҳо китобҳоро дар соҳаи ВАО ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. |
|
Собир Қурбонов -узви раёсат, соли 1994 дар Душанбе ихтисоси иқтисодчиро хатм намудааст. Дар курсҳои гуногуни омӯзишию тидқиқотии ИМА, Австрия ва Швейтсария иштирок намудааст. Айни ҳол таълими фосилавиро дар Бритониёи Кабир аз рӯи ихтисоси «Сиёсати иқтисодӣ ва роҳбарият» мегузарад. Фаъолияти касбиро аз соли 1995 оғоз намудааст. Дар тӯли ин вақт дар сохтори бонк ва сохторҳои хусусӣ фаъолият намуда, ҳамзамон дар мавзӯи иқтисод ва маблағ дарс гуфтааст. Баъдан дар Вазорати Молия фаъолият намудааст. Аз соли 2001 дар ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолият намудааст аз ҷумла: Оҷонсии Швейтсария, Хазинаи асъори байналмиллалӣ. Аз соли 2007 то имрӯз ба ҳайси мушовири минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба иқтисодиёт, дар Дастгоҳи Рушди Байналмилалии Бритониёи Кабир фаъолият мекунад. Муаллифи асарҳои зиёди нашршуда бахшида ба мавзӯи иқтисод буда, маҳсули кораш дар ВАО-и маҳаллӣ ва нашрияҳои махсуси академикӣ рӯи чоп баромадаанд. |
|
Равшан Собирзода- узви раёсат, мушовири масоили иқтисодии Департаменти давлатӣ дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, муаллими калони факултаи иқтисод ва молияи ДМТ, узви Раёсати Институти "Ҷамъияти Кушода"- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон. Соли 2003 бахши муносибатҳои иқтисоди байналхалқии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро хатм кардааст. Соли 2005 дипломи магистри улуми рушди иқтисодии Донишгоҳи Манчестр ва соли 2008 дипломи магистри улуми гуманитариро дар риштаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Оҳайои ИМА-ро дарёфт намудааст. Соли 2008 дар самти рушди устувори инсонӣ таҳқиқот бурдааст. Соли 2009 дар Донишгоҳи марказии аврупоӣ (Будапешт) пажӯҳишро оид ба «Кор ва нобаробарӣ дар иқтисоди глобалӣ» анҷом додааст. Ҳоло ӯ ба навиштани рисолаи номзадӣ оид ба микрофинанс ва иқтисоди камбизоатӣ (дар ДМТ) машғул аст. Ӯ оид ба рушд дар Ҷамияти салиби сурхи Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва Штаб квартираи СММ таҷрибаи корӣ андӯхтааст.
|
|
Парвиз Муллоҷонов - узви раёсат, директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба мусоидат ба рушди Тоҷикистон (то соли 2008 Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷараёнҳои демократӣ»), ҳамоҳангсози яке аз лоиҳаҳои ташкилоти байналмилалии InternationalAlert дар Тоҷикистон, шарқшинос, политолог. Собиқ иштирокчии муколамаҳои байни тоҷикон дар солҳои (1997-2004), яке аъзоёни Кумитаи ташкилии муколамаи байни тоҷикон, аъзои гурӯҳи мутахассисони EUCAM (2009-2010) буда, дар ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ва лоиҳаҳои гуногун, ба монанди: Human Rights Watch/Helsinki, UNHCR, ADB,UNDP, GTZ фаъолият намудааст. Муаллифи мақолаҳои гуногун дар нашрияҳои маҳаллию хориҷӣ дар соҳаҳои сиёсатшиносӣ, низоъшиносӣ , исломшиносӣ мебошад. |
|
Абдураҳим Муҳидов - узви раёсат, дар соли 1982 бахши забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ хатм намудааст. Дар ширкати сайёҳии “Интурист” фаъолият намудааст. Дар солҳои 1983-1985 ба ҳайси тарҷумон дар фабрикаи истеҳсолкунандаи пӯлоди Нигерия кор кардааст. Пас аз баргаштан аз Нигерия кори худро дар “Интурист” ба ҳайси Раиси хадамоти рушд давом медиҳад. Аз соли 1993 то 1998 фаъолияти худро дар Дафтари USAID/CentralAsiainTajikistan давом медиҳад. Аз соли 1998 то 2000-ум дар Оҷонсии Иттилоотии Азия Плюс ба ҳайси ҷонишини директор кор кардааст. Аз соли 2000 то 2007 дар ташкилоти USAID/Tajikistan ба ҳайси Роҳбари Лоиҳа, ки бахшида ба назорат ва роҳбарӣ намудани лоиҳаҳое, ки ба масъалаҳои ҳокимияти маҳаллӣ, ВАО-и озод, пешгирӣ ва паст кардани низоъ, волояти қонун ва ғ. бахшида шудааст, фаъолият намудааст. Аз соли 2007 ба ҳайси Ҳамоҳангсози Стратегияи Байналмилалии СММ барои паст кардани офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафкоз фаъолият мебарад. |