Ҷорҷ Сорос (George Soros) – молияшиноси америкоӣ, сармоягузор ва башардӯст. Ҷонибдори назарияи ҷомеи кушода ва муқобили «бунёдгароии бозорӣ». Ба Фаъолияти ӯ дар доираҶорҷ Сорос (George Soros)ҳои гуногуни ҷомеа ва кишварҳои гуногун баҳои ҳархела медиҳанд. Ҷорҷ Сорос, ки ихтиёран аз як қисми сарваташ даст кашидааст, дар соҳаҳои берун аз олами молия нақши муҳим гузошта, дар баъзе ҳолатҳо ба чархи таърих таъсир расонидааст. Ҳамчунин сармоягузор Ҷорҷ Сорос чун башардӯст, файласуф ва ходими сиёсӣ бо нигоҳи либералӣ машҳур аст.
Ҷорҷ Сорос 12 августи соли 1930 дар Будапешт, дар оилаи яҳудии миёнаҳол таваллуд шудааст. Падари Ҷорҷ адвокат ва ношир буд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон оилаи онҳо тавассути ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз таъқиби фашистон эмин монда, соли 1947 ба Британияи Кабир ҳиҷрат кард. Дар ин вақт Ҷорҷ 17-сола буд. Ӯ ба Мактаби иқтисоди Лондон дохил шуда, онро пас аз се сол бомуваффақият хатм кард.
Ҷорҷ Сорос пас аз хатми Мактаби иқтисоди Лондон дар ширкати сармоягузорӣ ба кор даромад. Ӯ дар шӯъбаи арбитражӣ, ки начандон дур аз Биржаи фондии Лондон воқеъ буд, коромӯз шуд.
Ӯ соли 1956 бо даъвати падари дӯсти лондониаш, ки дар Уолл-стрит фирмаи начандон калони брокерӣ дошт, ба ИМА омад. Фаъолияти Ҷорҷ дар ИМА аз арбитражи байналхалқӣ, яъне аз хариди коғазҳои қиматбаҳо дар як мамлакат ва фурӯши онҳо дар кишвари дигар шурӯъ шуд.
Ҷорҷ Сорос дар Ширкати Arnhold & S.Bleichroeder ба дараҷаи ноиби президент расид ва ба қарор омад, ки ӯ ҳамчун сармоягузор нисбат ба файласуфу роҳбари аршад боистеъдодтар аст.
Ӯ соли 1967 роҳбарияти Arnhold & S.Bleichroeder-ро розӣ кунонд, ки Фонди офшории сармоягузории First Eagle-ро таҳти раёсати худ таъсис диҳад. Соли 1969 ширкат дар якчогӣ бо Ҷорҷ Сорос Фонди Double Eagle-ро таъсис дод. Идораи фонди мазкур низ ба ӯҳдаи ӯ буд.
Соли 1997 дар ҳаёти Сорос ба қавле «хати сиёҳ» шурӯъ шуд. Амалан ҳамаи сармоягузории ӯ зиёни зиёд меоварданд. Нобарории ӯ аз хариди пакети саҳмияҳои ширкати русии «Связиинвест» шурӯъ шуд (соли 1998 сармоягузории мазкурро «хатои асосии ҳаёти худ» номид). Ӯ қарор кард, ки пурра ба сармоягузории илму санъат машғул шавад.
Ҳоло Ҷорҷ Сорос дар пентхауси яке аз биноҳои осмонбӯс дар маркази Ню-Йорк. зиндагӣ мекунад. Ӯ 50 сол қабл ба Манхеттен бо ҷоҳталабии бузург ва ҳамагӣ бо чанд доллар дар ҳамён омада буд. Имрӯз ӯ яке аз ашхоси сарватманду қавӣ нисбат ба баъзе давлатҳое маҳсуб мешавад, ки байрақашон дар Штаб-квартираи СММ, начандон дур аз хонааш партавфишонӣ мекунанд. Вале новобаста ба ин, орзуи зиндаи америкоӣ, аввалин шахс дар ҷаҳон, ки дар як сол 20 миллиард доллар кор кардааст ва аз касодшавии Бонки Англия машҳур шудааст, барои аксар ҳамчун муаммо боқӣ мемонад. Оёти фалсафии ӯ, ақидаҳояш оид ба молия ва иқтисод дар китобу маводи нашриаш бори дигар якхела набудани шахсияти Ҷорҷ Соросро далолат мекунанд.