Барномаи «Дастгирии семинарҳои тиббии Залтсбург»

Ҳамоҳангсоз:Нигора Обидҷонова

Е-mail: nigora@osi.tajik.net

Ҳадаф:

дастгирии рушди касбӣ ва навовариҳо аз рӯи усулҳои пешқадам барои мутахассисони тиббии клиникии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барномаи мазкур ба таъмини иштироки мутахассисон дар озмун барои ширкат дар семинарҳои якҳафтаина дар шаҳри Залтсбург ( Австрия) аз рӯи 30 самти тиббӣ ва дастрасӣ ба озмун барои таҷрибаомӯзии якмоҳа дар клиникаҳои Австрия ёрӣ мерасонад..

Барои шинос шудан бо шартҳои озмун ва имкони иштирок дар он нигаред ба сомонаи http://www.aaf-online.org.

Самтҳо:

-дастгирии иштироки аспирантҳои донишкадаҳои тиббӣ ва духтурони ҷавон дар семинарҳои якҳафтаинае, ки омӯзгорони варзида ва профессорони маркази тиббӣ ва беморхонаи асосии Залтсбург мегузаронанд. Машғулиятҳои назариявӣ ва амалие, ки дар беморхонаҳо гузаронда мешаванд, имконият медиҳанд, ки духтурони Аврупои марказӣ ва шарқӣ, ИДМ бо технологияҳои замонавии тибии Ғарб шинос шаванд.

-имконияти таҷрибаомӯзии якмоҳа оид ба самтҳои соҳавӣ дар базаи клиникаҳои пешқадами Австрия.

Пурсиш

Ба назари шумо ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор карда шавад?

Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj