Ҳамоҳангсоз: Зумрат Мақсудова
Е-mail: zumrat@osi.tajik.net
Ҳадаф: Рушди расонидани ёрии паллиативӣ ба нафароне, ки аз дард азият мекашанд, ҳифзи ҳуқуқи онҳо барои зиндагии арзанда тавассути таъсиррасонӣ ба тағйири қонунҳои марбута ва иттилоърасонии ҳуқуқии баҳрамандон, рушди намудҳои дигари хизматрасонӣ.
Афзалиятҳо:
- барои муваффақ шудан ба сифати беҳтарини ҳаёти маризон ва аҳли байти онҳо парастории ҳамаҷонибаи бемороне, ки шифо намеёбанд;
- мусоидат ба таҳияи Барномаи миллии ёрии паллиативӣ дар ҷумҳурӣ;
-мусоидат ба ташаккули стратегияи миллии рушди ёрии паллиативӣ;
- мусоидат ба омода кардани мутахассисон оид ба ёрии паллиативӣ;
- мусоидат ба таъсиси системаи пешниҳоди ёрии паллиативӣ дар асоси Беморхонаи муроқибати парастории ш. Душанбе;
- мусоидат ба таъсиси маркази манобеъ ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба кӯмаки паллиативӣ дар асоси Маркази давлатии илмии саратоншиносии ш. Душанбе ва ш. Хоруғ.
Шарикон:
Вазорати тандурустии ҶТ;
Раёсати тандурустии ш. Душанбе;
Маркази ҷумҳуриявии муроқибати парастории Вазорати тандурустии Тоҷикистон;
Институти бозомӯзии кадрҳои тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон;
ДДТТ ба номи Абу Али Ибни Сино;
Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии ш. Душанбе;
Ассосиатсияи хоҳарони шафқати ш. Душанбе;
Беморхонаи муроқибати парасторӣ;
Муассисаи давлатии «Маркази илмии саратоншиносӣ»
Маркази саратоншиносии ВМКБ.