Ҳамоҳангсоз: Таҳмина Раҷабова
E-mail: tahmina@osi.tajik.net
Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои барномаҳо: Лола Бобоева
E-mail: b.lola@osi.tajik.net
Афзалият:
Шомил шудан ва дастрасии боадолат ба хизматрасонии асосии босифат дар соҳаи маориф, ба вижа барои табақаҳои осебпазири иҷтимоии ҷомеа.
Ҳадафи 1:
Тавсеаи дастрасии намудҳои дигари таҳсилоти томактабии «Рушди ибтидоии кӯдак»: моделҳои дигари таҳсилоти ибтидоӣ»- марказҳои ҷамъиятӣ.
Вазифа:
Таъмини навоварӣ ва муносибати ҳамаҷониба дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ. Дар вақти амалӣ кардани сиёсати рушди ибтидоии кӯдак ба таъмини босифати хизматрасонии таҳсилотӣ тавассути ташкили намудҳои нав ва гуногуни омӯзиш таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад ва ба баробарии ҷалби кӯдакони имконияташон маҳдуд диққат дода мешавад. Андешидани чорабиниҳо барои тавсеаи фарогирии кӯдакон бо барномаҳои томактабӣ ва омода кардани онҳо ба мактаб ва мусоидат ба таҳсилоти давомноки кадрҳои омӯзгорӣ.
Ҳадаф 2:
Тадбири амалӣ кардани Консепсияи миллии таҳсилоти инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд.
Вазифа:
Мусоидат ба таҳияи тадбирҳои амалӣ кардани Консепсияи миллии таҳсилоти инклюзивӣ бо ҷалби васеи аҳли ҷомеа. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва муколама бо мақомоти гуногуни идораи давлатӣ дар соҳаи маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, роҳбарияти муассисаҳои маориф, кормандони илмиву омӯзгорӣ, ходимони сиёсӣ ва ташкилотҳои дигар, ки фаъолияташон ба масоили инклюзивӣ иртибот дорад. Мусоидат ба таъсиси фазои қонунгузорӣ барои рушди минбаъдаи модели инклюзив.
Хизмати ниҳодии барнома тавассути институтҳои бозомӯзии ҳирфаии омӯзгорон.
Ворид кардани тағйирот ба омода кардан ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ. Таҳияи курсҳои иловагӣ ва ворид кардани тағйирот ба барномаҳо ва маводи курсҳое, ки таълим дода мешаванд.
Шарикон:
Вазорати маорифи ҶТ;
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ;
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
Институтҳои бозомӯзии омӯзгорон;
Ҳукуматҳои маҳаллӣ, мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ.