Ҳамоҳангсоз: Манучеҳр Камолиддинов
Е-mail; mkamoliddinov@osi.tajik.net
Дастгирии барномаҳои таҳсилоти олӣ ба дастрасии баробар ба хизматрасонии макотиби олӣ равона шудааст. Бинобар ин, чорабиниҳои зиёде аз ҷониби бунёди миллӣ амалӣ мегарданд, ки бо барномаҳои дигар ба мислӣ сиҳатӣ, ҳуқуқ, масоили гендерӣ, ташаббусҳои маҳаллии ҳукумат ва идораи боинсофона ҳамбастагӣ доранд. Барномаи шабакавии HESP низ ба ин раванд тавассути маблағгузории чорабиниҳо ба мисли дастгирии гурӯҳҳои кории масоили тадрис ва ротибагирони ислоҳоти соҳаҳои гуногуни таҳсилоти макотиби олӣ ҷалб шудааст.
Ҳадафи1: мусоидат ба дастрасии баробари хизматрасонии макотиби олӣ бо истифодаи қонунҳои Тоҷикистон ва конвенсияҳои байналхалқӣ.
Вазифаҳо:
• таҳия ва амалӣ кардани сиёсати муосир ва ҳамаҷонибаи соҳаи таҳсилот ва такмили қонунгузорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ (фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ);
• тавсеаи иқтидори макотиби олӣ дар соҳаи пажӯҳишҳои илмӣ;
• таъсиси тартиби таъмини таъмини самараноки идораи захираҳои молиявӣ барои рушди таҳсилоти олӣ.
Ҳадафи 2: мусоидат ба таъмини дастрасии баробари табақаҳои осебпазири ҷомеа ба хизматрасонии босифати таълим.
Вазифаҳо:
• мусоидат ба таҳияи нақшаи фаъолият доир ба амалӣ кардани Консепсияи таълими инклюзивӣ то соли 2015;
• омодаву чоп кардани дастури таълимии «Асосҳои таълими инклюзивӣ»;
• мусоидат ба ташаккули кафедраи «Кори иҷтимоӣ» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Ҳадафи 3: мусоидат ба таъсиси кори шаффофи Маркази миллии тестӣ оид ба қабули донишҷӯён ба макотиби олӣ.
Вазифа:
• таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи системаи нави қабули донишҷӯён ба макотиби олӣ дар асоси системаи нави имтиҳонҳои қабул дар донишгоҳҳо, ки аз соли 2014 ҷорӣ карда мешавад.
Шарикон:
• СҶ «Ассосиатсияи кормандони касбии иҷтимоии Тоҷикистон»;
• Маркази дастгирии ислоҳоти таҳсилот «Пульс»;
• СҶ «Сайёраи нав»;
• СҶ «Маркази технологияҳои прогрессивии таълим»;
• Маркази манобеи таълими инклюзивӣ дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.