Барномаи таҳсилоти умумӣ

Ҳамоҳангсоз: Гулчехра Қобилова

E-mail: Gulchehra@osi.tajik.net

Афзалиятҳо: 1.Рушди системаи миллии тестӣ дар Тоҷикистон

Ҳадаф: Мусоидат ба ҷорӣ кардани системаи ягонаи дохилшавии донишҷӯён ба макотиби олӣ.

Ҷузъи мазкур дар шарикӣ бо барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» амалӣ мегардад.

Вазифаҳо:

• мусоидат ба Маркази миллии тестӣ оид ба инкишофи иқтидори коллективи муаллифон ва муаллифоне, ки қудрати илмиву методӣ доранд, барои иштирок дар таҳияи маводи назоратии санҷишӣ ҳамчун олоти муайян кардани сифати таълими хонандагон истифода бурдани он;

• омода кардани мутахассисони қисми иттилоотиву техникӣ ва таҳлилии Маркази миллии тестӣ дар асоси принсипҳои андозагирии омӯзиш ва қоидаҳои барпо кардани имтиҳонҳои мутамарказонидашуда, таъсири намуди нави имтиҳонҳо ба мактабҳо ва талаботи макотиби олӣ;

• омода кардани мактабҳо ва ҷомеа ба дарки кофии ҷорӣ намудани системаи мутамарказонидашудаи санҷиши тестӣ дар кишвар ҳамчун намуди асосии баҳогузории воқеии дониши хонандаҳо аз рӯи принсипи шаффофияти раванди имтиҳонот;

• таъмини базаи методӣ (таҳия ва чопи дастурҳои методӣ барои мутахассисони ММТ, таҳиягарон ва муаллимони мактабҳо).

2. Рушди таълими инклюзивӣ дар мамлакат

Ҳадаф: таъмини дастрасӣ ба таълими босифат ва хизматрасонии дигар барои кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд.

Вазифаҳо:

• мусоидат ба таҳия ва қабули нақшаи амалӣ кардани ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои Консепсияи миллии таълими инклюзивӣ;

• таҳлили вазъият оид ба муайян кардани эҳтиёҷи фарзандони муҳоҷирон (ҳукуқи кӯдакон ба дастрасӣ ба таҳсилот ва хизматҳои дигар);

• баррасии қонунгузорӣ дар соҳаи дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва хизматҳои дигар барои кӯдакони имконияташон маҳдуд;

• мусоидат ба ҷорӣ кардани курсҳои махсуси таълими инклюзивӣ, тағйир додани афкори ҷомеа, тарғиби таҳаммулпазирӣ дар барномаҳои таълимии донишгоҳҳои омӯзгорӣ, институтҳои бозомӯзии омӯзгорон, факултаҳои журналистӣ;

• мусоидат ба боло бурдани касбияти мутахассисон соҳа (равоншиносон, дефектологҳо ва кормандони соҳаи иҷтимоӣ) тавассути сафарҳои омӯзишӣ, бозомӯзии тахассусӣ.

3. Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ кардани ислоҳоти соҳаи маориф

Ҳадаф: мусоидат ба таъмини принсипҳои таҳсилоти боадолат, шафоффият, ҳисоботдиҳӣ тавассути бахши шаҳрвандӣ тавассути ислоҳоти таҳсилот.

Вазифаҳо:

• иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи лоиҳаҳое, ки дар ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат оид ба ҳалли проблемаҳои системаи маориф равона шудаанд. амалӣ мешаванд.

• баргузории маъракаҳо оид ба иттилоъгирии аҳолӣ, оид ба таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва адолати иҷтимоӣ барои кӯдакони табақаҳои осебпазири аҳолӣ;

• дастгирии Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд дар татбиқи масоили ҳифзи ҳуқук ва манфиатҳои кӯдакон;

• амалӣ кардани лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи тафаккури интиқодӣ тавассути семинарҳо барои омӯзгорони макотиби олӣ ва таҳсилоти умумӣ

Шарикон:

1. Вазорати маорифи ҶТ;

2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон;

3. Академияи таҳсилоти ҶТ;

4. Маркази дастгирии ислоҳоти таҳсилот «Пульс», ш. Душанбе;

5. Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди ш. Душанбе.

6. Ассосиатсияи тафаккури интиқодии ш. Душанбе.

Пурсиш

Ба назари шумо ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор карда шавад?

Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj