Ҳамоҳангсоз: Гулнора Шукурбекова
E-mail: gulnora@osi.tajik.net
Мақсад – ба донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони академиявӣ ва мутахассисони дипломдор фароҳам овардани имконият барои такмил додани донишу таҷрибаашон дар соҳаҳои марбута бо мақсади истифодаи онҳо ба манфиати рушди мамлакат.
Дар соли таҳсили 2012-2013 Барномаи стипендиявӣ барномаҳои зеринро амалӣ менамояд:
Барномаҳои докторантура:
1.Донишгоҳи Аврупои Марказӣ (3 сол). Венгрия. Тахассуси: иқтисод, муҳити зист, таърих, ҳуқуқ, медиевистика (таърихи асрҳои миёна), сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, математика, философия. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: http://www.ceu.hu
2.Барномаи муштараки Бюрои табодули академикии Олмон (DAAD) ва Институти «Ҷомеаи Кушода» (3 сол). Барномаи таҳсилоти пасаздипломӣ барои донандагони забони немисӣ дар донишгоҳҳои Олмон. Тахассуси: ҷомеашиносӣ, иқтисод, муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсатшиносӣ, ҳукуқ, фалсафа ва таҳсилот, тандурустии ҷамъиятӣ ва олмоншиносӣ. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: www.daad.tj
3.Барномаи ҷаҳонии бурсҳои иловагӣ. Қисман дастгирӣ кардани докторантҳое, ки дар макотиби олии ИМА, Австралия, мамолики Аврупои Ғарбӣ, Осиё, Шарқи Наздик оид ба тахассусҳои гуманитарӣ ба мӯҳлати 1 соли академикӣ таҳсил мекунанд. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: http://www.soros.org/scholar/index.html
Барномаҳои магистратура:
1. Донишгоҳи Аврупои Марказӣ. Венгрия. Магистратура. Тахассусҳои: иқтисод, молия ва фаъолияти бонкӣ, муҳити зист, таърих, муносибатҳои байналхалқӣ ва аврупошиносӣ, ҳуқуқ, таърихи асрҳои миёна, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, муносибатҳои миллӣ, тадқиқоти гендерӣ. Имконияти дарёфти ротибапулии пурра ва қисман мумкин аст. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: http://www.ceu.hu
2.Стипендияи донишгоҳи Essex оид ба ҳуқуқи инсон. Магистратура оид ба ҳуқуқи инсон: Назария ва амалияи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи байналмилалии инсон. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: http://www.essex.ac.uk
3.Cтипендияи донишгоҳи St. Andrews: Британияи Кабир. Магистратураи яксола дар соҳаи: стратегияи байналмиллалӣ ва иқтисод, курсхои минтақавӣ оид ба амнияти минтақавӣ дар Шарқи наздик ва Осиёи Миёна. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: http://www.man.ac.uk/about/depts.html
4.Кори иҷтимоӣ (Донишгоҳи Колумбия ва Вашингтони ИМА). Магистратураи 2-сола дар соҳаи: банақшагирии кори иҷтимоӣ, кори байналмилалии иҷтимоӣ, кори маъмурии иҷтимоӣ, кори клиники иҷтимоӣ, машварати оилавӣ ва кӯмак ба кӯдакон, умури ҳифзи кӯдакон ва калонсолон, равонпизишкӣ ва равоншиносӣ, парастории тиббӣ, кори иҷтимоӣ дар мактаб, кор бо маҳкумшудагон, кори касбии иҷтимоӣ, геронтология (илми пиршиносӣ). Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: http://www.soros.org/scholar/index.html
5.Барномаи муштараки Маркази миллии умури донишгоҳу мактабҳо (CNOUS) ва Институти «Ҷомеаи Кушода» (OSI). Барномаи 2-солаи таҳсилоти пасаздипломӣ барои донандагони забони фаронсавӣ дар донишгоҳҳои Фаронса. Аз рӯи тахассуси: таърих, фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, инсоншиносӣ (антропология), мардумшиносӣ (этнология), назарияи иқтисод, назарияи ҳуқуқ, идораи давлатӣ. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: www.cnous.fr
6. Барномаи муштараки Бюрои табодули академикии Олмон (DAAD) ва Институти «Ҷомеаи Кушода» (OSI). Барномаи 2-солаи таҳсилоти пасаздипломӣ барои донандагони забони немисӣ дар донишгоҳҳои Олмон аз рӯи тахассуси: ҷомеашиносӣ, иқтисод, муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, таърих, фалсафа ва таҳсилот, тандурустии ҷамъиятӣ. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: www.daad.tj
Барномаҳои тадқиқотӣ ва барномаҳо барои омӯзгорони мактабҳои олӣ:
1.Барномаи такмили ихтисоси муаллимони макотиби олӣ (FDF). Барномаи 9-моҳаи таълими фанҳои гуманитарӣ барои ҷорӣ кардани усулҳои байналмилалии таълим дар макотиби олии Тоҷикистон (9 моҳ дар яке аз донишгоҳҳои ИМА). Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: http://www.soros.org/scholar/index.html
2. Барномаи бурсҳои ҷаҳонӣ барои устодони макотиби олӣ. Барномаи мазкур давраи таҳияро гузашта, аз моҳи январи соли 2012 дастрас хоҳад буд.
3.Барнома барои устодони макотиби олӣ барои таҳия ва такмили усулҳои таълим ва мӯҳтавои барномахои таълимии макотиби олӣ. Бурси 10-моҳа (CDC). Тахассуси: муҳити зист, ҳуқуқи инсон, пажӯҳиши гендерӣ, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ, сиёсати ҷамъиятӣ. Барнома лоиҳаҳои инфиродӣ ва дастаҷамъиро фаро мегирад. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: http://www.ceu.hu/crc/cdc.html
4. Барномаи муштараки Бюрои табодули академикии Олмон (DAAD) ва Институти «Ҷомеаи Кушода» (OSI). Барномаи такмили ихтисоси мутахассисони ҷавон: коромӯзии 1-3-моҳа дар макотиби олии Олмон. Тахассуси: ҷомеашиносӣ, иқтисод, муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, таърих, фалсафа ва таҳсилот, тандурустии ҷамъиятӣ. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ: www.daad.tj
5. Барномаи семинарҳои методӣ (CRC) дар Донишгоҳи Аврупои Марказӣ. Ба мӯҳлати як ҳафта оид ба проблемаҳои омӯзиши фанҳои гуманитарӣ дар макотиби олӣ. Дар як сол ду маротиба –баҳор ва тирамоҳ эълон карда мешавад. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ http://www.ceu.hu/crc/cdc
6.Барномаи тобистонаи Донишгоҳи Аврупои Марказӣ (SUN) оид ба фанҳои гуманитарӣ. Семинарҳои 2-3-ҳафтаина барои омӯзгорони макотиби олӣ ва соҳибкасбон. Саҳифаи иттилоотӣ дар ИНТЕРНЕТ http://www.ceu.hu/sunindx.html
Тамос:
ш. Душанбе:
Гулнора Шукурбекова,
ҳамоҳангсози барномаҳои стипендиалии ИҶК-БМ дар Тоҷикистон
37/1 к. Бохтар, ошёнаи 4-ум,
ҳуҷраи №406,
Душанбе, Тоҷикистон 734002
Тел.: 441-07-45, 441-07-46;
E-mail: gulnora@osi.tajik.net
Web: www.soros.tj
ш. Кӯлоб ва Қурғонтеппа:
Фарида Ашурова,
Маркази иттилоотиву таҳсилотии «Бунёди оянда»
29 A хиёбони Ваҳдат
Тел: (+992 3222) 2 94 27
e-mail: ash.farida@gmail.com
ш. Хуҷанд:
Насиба Тоҷибаева
Маркази фарҳангӣ ва барномаҳои таҳсилотии «Суғд»,
маҳаллаи 16-ум, (дар наздикии БДА) Teл: (+992 83422) 20233, 20244
e-mail: tadzhibaeva_nasiba@mail.ru