Барномаи «Ташаббусҳои шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ»

Ҳамоҳангсози барнома: Ҷаҳонгир Неъматов

E-mail: jahongirn@osi.tajik.net

Ҳамоҳангсози лоиҳаҳо: Фируза Ачилова

firuza@osi.tajik.net

Барномаи «Шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ» дар натиҷаи муттаҳидкунии ҷузъҳои афзалиятноки ду барномаи ИҶК-БМ дар Тоҷикистон – «Рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ» ва «Худидораи маҳаллӣ» таъсис ёфтааст. Феълан барнома ибтикори беназири Бунёдро оид ба дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ дар бораи шаффофияти буҷаи давлатӣ дар зинаҳои гуногун, иштироки самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди буҷа, беҳтар кардани дастрасӣ ба иттилоъ, хизматрасонии давлатӣ ва баҳогузории мудирияти самаранок дар сохторҳои идораи давлатиро идома медиҳад.

Ҳадаф:

Мусоидат ба рушди идораи масъулиятнок, шаффофият ва ҳамчунин иқтидорманд кардани созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон барои таъмини ҳисоботдиҳии ҳукумат ва сохтори хусусӣ дар пеши ҷомеа

Афзалияти I: Амалӣ кардани ташаббусҳои байналхалқии ТШСИ, ИКББ, ТИЭ

1) Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷӣ (ТШСИ). ТШСИ стандарти глобалии шаффофияти соҳаҳои истихроҷии саноат буда, дар беш аз 30 кишвари дунё амалӣ мегардад. ТШСИ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон мавриди истифода қарор гирифтааст. Нашри ҳисоботҳо дар чаҳорчӯбаи ТШСИ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар бораи даромади воқеии Ҳукумати Тоҷикистон аз корхонаҳои саноати истихроҷӣ иттилоъ бигиранд.

2) Индекси кушода будани буҷа (OBI) аз соли 2006 ин ҷониб дар ҳар ду сол аз ҷониби ташкилоти бонуфузи америкоии IBP гузаронида мешавад. Индекс на танҳо шаффофияти иттилои буҷавӣ, балки дараҷаи имкониятҳои ҷалби ҷомеаро дар раванди буҷа ва таъсири он ба қабули қарорҳо оид буҷа фаро мегирад.

3) Ташаббуси идораи электроэнергетика (EGI) ибтикори бисёрҷонибаи баланд бардоштани шаффофияти қабули карорҳоро дар соҳаи барқ дар бар мегирад. Новобаста аз гуногунҷабҳа будани ташаббуси мазкур, ҷомеи шаҳрвандӣ нерӯи ҳаракатдиҳандаи он мебошад.

Афзалияти II: Рушди сиёсати ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон

1. Таъмини таҳлилии раванди омода кардан, қабул ва амалӣ намудани қарорҳо, таъсиси маркази таҳлилӣ (Think Tank). ИҶК- БМ дар Тоҷикистон ягона ташкилотест, ки рушди иқтидори таҳлилиро дар ҷумҳурӣ дастгирӣ менамояд. Мавҷудияти таҳлили воқеии ҳаёт ва пешниҳоди иқдоми имконпазир барои аз вазъияти баамаломада баромадан олоти муҳимми идора ва қабули қарорҳо мебошад. Бунёд аз соли 2008 амалӣ намудани лоиҳаҳоро оид ба рушди иқтидори таҳлилӣ дар Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ҳамчунин муттаҳид кардани захираҳо барои таъсиси нахустин марказҳои таҳлилӣ бо ширкати коршиносони маҳаллӣ, ки қудрати арзёбии мустақили проблемаҳои гуногуни сиёсати иҷтимоиро дошта бошанд.

Афзалияти III: Афзун кардани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоъ ва хизматрасонии давлатӣ:

1. Таҳкими иқтидори иштирокчиёни раванди буҷа ва кӯмаки техникӣ барои таъмини шаффофияти буҷетӣ. Барнома дар амалӣ намудани ташаббусҳо оид ба шаффофияти буҷа ва ҷалби шаҳрвандон ба раванди буҷа таҷриба дорад. Бинобар ин, барнома бо мақомоти маҳаллӣ оид ба омӯзиш ва истифодаи механизмхои гуногуни таъмини шаффофияти буҷа ҳамкорӣ мекунад.

2. Ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ. Бунёд ташаббусҳоро оид ба ҷорӣ кардани идораи электронӣ – «е-government» барои беҳтар кардани шаффофияти мақомоти давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии давлатӣ аз соли 2003 амалӣ карда истодааст.

3. Назорати сифати хизматрасонии давлатӣ. Назорати хизматрасонии ҷамъиятӣ бо қувваи худи сокинон (назорати ҷамъиятӣ) метавонад механизми самараноки беҳтар кардани сифати хизматрасонии давлатӣ ва идораи маҳаллӣ бошад, ки ба коҳиши ришвахӯрӣ меорад. Ин метавонад намуди нави «назорати халқӣ» бошад, ки ҳам ба давлат ва ҳам ба сокинон манфиатнок аст. Назорати ҷамъиятӣ сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар карда, муносибати байни пешниҳодкунанда ва истеъмолгари ин хизматрасониҳоро боло барад ва фасодро дар зинаҳои маҳаллӣ коҳиш диҳад.

Шарикон:

Коалитсияи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ «Шаффофият барои рушд»,

Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон,

СҶ «Маркази рушди мунисипалитет»,

СҶ «Маркази таҳсилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушд».

Пурсиш

Ба назари шумо ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор карда шавад?

Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj