Ҳамоҳангсоз: Бахтиёр Тӯраев
E-mail: bturaev@osi.tajik.net
Ҳадаф:
Мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна, ки ҷузъи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ин амал тавассути таъмини дастрасии озоди соҳибкорон ба маблағи сармоявӣ, қарори одилона, иттилои зарурӣ ва донишҳо сурат мегирад.
Афзалиятҳо
АфзалиятиI: Рушди таҳсилоти бизнес
Ҳадаф: Мусоидат ба таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифати бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамкорӣ бо ҶММ «Имкон Консалтинг» ва Офиси Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ барои пешниҳоди таҳсилоти босифат ва арзон барои шаҳрвандони кишвар лоиҳа оид ба мактаби бизнес дар ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.
АфзалиятиII: Рушди соҳибкории нав
Ҳадаф: Ҳавасманд кардани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ва пешбурди худмашғулӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазир (ҷавонон, занон ва муҳоҷирони баргашта)-и Тоҷикистон тавассути беҳтар кардани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоъ, хизматрасонӣ ва захираҳо. Лоиҳа барои пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ, тавассути созмонҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, ки ба омӯзиш ва дастгирии техникии соҳибкорони навоғоз барои пешбурди бизнес машғуланд ва ҳамчунин пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои амалӣ намудани идеяҳои нави бизнес равона шудааст.
Афзалияти III: Рушди таҳлил дар соҳаи иқтисодиёт
Ҳадаф: Мусоидат барои таъсиси маркази мустақили самараноки таҳлилӣ, ки оид ба масоили асосии иқтисодии Тоҷикистон таҳлилу тавсияҳо пешниҳод мекунад.
Барнома дар чаҳорчӯбаи самти мазкур дар солҳои 2012-2013 барои омода кардани гурӯҳи таҳлилгарон дар соҳаи таҳлили иқтисодӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин дастгирӣ ва фаъол кардани сомонаи economist.tj ва таъсиси маркази таҳлилӣ дар назар аст.
Шарикон:
- СҶ «Маркази бозори озоди Тоҷикистон»
- ҶММ «Имкон Консалтин»
- Офиси Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ
- СҶ «Маркази рушди сайёҳӣ»