Барномаи "Шарқ-Шарқ": Ҳамкории бидуни марз

Ҳамоҳангсоз: Бахтиер Тураев

E-mail: bturaev@osi.tajik.net

Ҳадафи барнома:

Мусоидат ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути пешниҳоди имконияти амалӣ кардани лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаҳои гуногун, ҳамчунин дастгирии иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои мамолики ИДМ, Аврупои Шарқӣ, барои пайдо кардани иртиботи нав ва табодули иттилоъ.

Барномаи "Шарқ-Шарқ": Ҳамкории бидуни марз барои табодули идеяҳо, иттилоот ва таҷриба дар пешбурди принсипҳои ҷомеаи кушода дар сатҳи байналмилалӣ лоиҳаҳои байни созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро аз ду ва зиёда кишварҳо дастгирӣ менамояд.

Барнома соли 1999 барои бунёдҳои Сорос дар Аврупои Марказию Шарқӣ ва собиқ кишварҳои ИДМ таҳия гардида буд. Феълан барнома мақоми ҷаҳонӣ гирифта, созмонҳои ғайридавлатии Аврупои Марказӣ, Шарқӣ, Осиё, Африка ва Америкаи Лотиниро дастгирӣ менамояд.

Афзалияти барнома дастгирии дарозмӯҳлати ташаббусҳои байналхалқӣ барои ҳалли проблемаҳои рӯзмараи иҷтимоии рушди ҷомеаи кушода буда, ҳамчунин самтҳои идораи бовиҷдонона, ҳисоботдиҳӣ ва сиёсати ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва адолати иҷтимоӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати ҷаҳониро фаро мегирад.

Шарикон:

Барнома бо намояндаҳои ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкорӣ мекунад.

Пурсиш

Ба назари шумо ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор карда шавад?

Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj