Барномаи"Фарҳанг ва ҳунар "

Ҳамоҳангсози барнома: Гуландом Набиева

Е-mail: gulandom@osi.tajik.net

Барномаи"Фарҳанг ва санъат " дар ИҶК-БМ дар Тоҷикистон фаъолияташро аз соли 1999 оғоз кардааст.

Афзалият:

Дастгирии ҳаёти интеллектуалии ҷомеа, пешгирии аз ҷумҳурӣ рафтани «ақлҳо».

Ҳадаф:

- Мусоидат ба пурзӯр кардани иқтидори дифоии бахши ғайридавлатии фарҳанг, шахсони эҷодӣ ва ходимони фарҳанг, ҷалби фаъоли онҳо дар раванди қонунгузорӣ, қабули қарорҳо, таъсиси иқтидори мустақил дар баррасии масоили мавҷуда ва муассирӣ дар сиёсати давлатӣ дар пешниҳоди озодиҳои бештар дар муҳити санъаткорон.

- Мусоидат ба тавсеаи фазои ақлонӣ ва фарҳангии ҷавонони ҶТ ва барпо кардани шароит барои он ки ходимони фарҳангу санъат ҳоҳиши дар кишвар монданро дошта бошанд ва ё пайваста аз хориҷа ба Тоҷикистон баргарданд.

Вазифа:

- Мусоидат ба таҳия ва такмили санадҳои ҳукуқӣ барои таъмини системаи идораи бахши фарҳанг ва санъат, беҳсозии тартиби иҷрои қоидаҳои ҳуқуқӣ ва ташаббусҳо.

- Мусоидат дар таъсиси иқтидор барои бурдани баҳсҳои ҷамъиятӣ, иштирок дар мураттаб кардану баррасӣ намудани санадҳои муҳимми стратегӣ дар соҳаи фарҳангу санъат, таҳияи маъракаҳои ВАО барои таъсир ба сиёсати фарҳанг.

Дурнамо:

• Мусоидат ба таҳияи барномаҳо оид ба фарҳанг ва тайёр кардани ислоҳоти меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими фаъолияти муассисаҳои фархангу санъат, созмонҳои ҷамъиятии мустақили эҷодӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ассосиатсияҳо.

• Баргузор кардани фестивалҳои мусиқӣ, озмунҳо, анҷуманҳои театрӣ, чорабиниҳо оид ба эҳё ва рушди фарҳанги миллии бадеӣ ба хотири ҳифзи анъанаҳои миллӣ, жанрҳо ва намудҳои санъати мусиқӣ;

• Баргузор кардани намоишгоҳи коллективӣ ва инфиродӣ, муаррифииҳои кушода ба шакли мастер-классҳо;

• Пешниҳоди бурсҳои хурд барои дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ вобаста ба саҳнагузории намоишномаҳо аз ҷониби режиссёрони ҷавон, таъсиси студияхо, коргоҳҳои эҷодӣ, устохонаҳои рассомӣ ва ғайра.

Шарикон:

Вазорати фарҳанги ҶТ;

Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов;

Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод;

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов;

Иттифоқи кинематографистони ҶТ;

Иттифоқи оҳангсозони ҶТ;

Маркази манобеи фарҳанг ва санъат;

Маркази санъат ва барномаҳои омӯзишии «Суғд».

Пурсиш

Ба назари шумо ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор карда шавад?

Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj