Барномаи "Ҷавонон"

Ҳамоҳангсози барнома: Парвиз Айдаршоев

E-mail: aparviz@osi.tajik.net

Ҳадаф:

Мусоидат ба мавқеи фаъоли шаҳрвандии ҷавонон, инкишофи иҷтимоӣ, мустақилият, тақвияти имконияти ташкилотчигӣ ва рушди инфиродии онҳо.

Афзалиятҳо:

I. Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон

Ҳадаф: мусоидат ба тавсеаи иқтидори созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон ва гурӯҳҳои ҷавонони ташаббускор, иштироки фаъолонаи онҳо дар таъсиси ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Дар чаҳорчӯбаи афзалияти «Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон» барнома ҳамасола барои дарёфти бурсҳои хурд дар ҳаҷми 5000 доллари ИМА, ки барои дастгирии созмонҳои ҷавонон равона шудааст, озмун мегузаронад.

Барнома ба лоиҳаҳои зерин бештар афзалият медиҳад:

 тарбияи ҳуқуқи ҷавонон;

 рушди соҳибкории ҷавонон;

 рушди малакаи иштирок дар қабул кардани карорҳо;

 беҳтар кардани табодули иттилоъ байни ҷавонон тавассути истифодаи намудҳои нави иртибобот;

 иштироки ҷавонон дар қабули карорҳо оид ба ҳалли масоили гендерӣ.

II. Тавсеаи мубоҳисаҳо дар мамлакат

Ҳадаф: тавсеаи мубоҳисаҳо дар мамлакат ҳамчун олоти таълимӣ, ки ба инкишофи тафаккури интиқодӣ, малакаи ақлонии роҳбарӣ, суханварӣ ва иртиботӣ мусоидат мекунад.

III. Мусоидат ба иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои байналхалқӣ

Ҳадаф: мусоидат ба иштироки ҷавонони ҳамаи манотиқи Тоҷикистон дар барномаҳои таълимии байналхалқӣ (лагерҳо, анҷуманҳо, мактабҳои тобистона, сабқатҳои мубоҳисавӣ).

Шарикон:

СҶ «Ҷавонони асри ХХI»;

CҶ «Амал»;

МИТҶ «Матема»;

Маркази экологии ҷавонони Тоҷикистон;

СҶ «Саид»;

Бунёди аврупоӣ дар ОМ;

СҶ «ГИВ – Акцент»;

МИТФ «Фурӯғ»;

МФ «Бохтар»;

Маркази мубоҳисавии «Садои ҷавонон»;

Маркази ҷавонони ш. Хоруғ;

Клуби мубоҳисавии «Помир 1»;

Гӯшаи америкоӣ.

Пурсиш

Ба назари шумо ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор карда шавад?

Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj