Барномаи «Бурсҳо барои сафар»

Ҳамоҳангсози барнома: Нилуфар Каримова

Е-mail: osi@osi.tajik.net

Ҳадафи барнома: мусоидат ба инкишофи иртибот дар доираҳои академикӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ. Барқарор кардани ҳамкорӣ ва табодули озоди иттилоъ.

Афзалиятҳо: дастгирии молиявии ғолибони озмунҳои кушода барои маблағгузории хайриявии сафари шаҳрвандони Тоҷикистон барои ширкат дар конфронсу симпозиумҳо, семинарҳо ва ҳамчунин курсҳои кӯтоҳмуддат (на бештар аз 12 моҳ) дар соҳаҳои мазкур:

• Ислоҳоти ҳуқуқӣ;

• Таҳсилот;

• Ҷомеаи шаҳрвандӣ;

• Васоити ахбори омма;

• Масоили гендерӣ;

• Тандурустии ҷамъиятӣ;

• Фарҳанг ва санъат;

• Муҳити зист;

• Иқтисод.

Дархост барои иштирок дар чорабинии байналмилалӣ 2 моҳ қабл аз шурӯи он қабул карда мешавад.

Дархост барои иштирок дар чорабинии дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 моҳ қабл аз шурӯи он қабул карда мешавад.

Дар чаҳорчӯбаи озмун ҳуҷҷатҳои мазкур талаб карда мешаванд:

- дархост бо забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ чоп шуда бошад;

- сафарнома дар ҳаҷми як-ду саҳифа (баёни мухтасари мақсади сафар, барои маърӯзакунанда чопи пешниҳод кардани тезисҳои асосии маърӯзаашон ҳам зарур аст);

- ҳолнома;

-рӯйхати таълифоти нашршуда;

-даъватномаи расмӣ аз донишгоҳ ва ё пажӯҳишгоҳ;

-барномаи чорабинӣ;

-ду тавсиянома;

-маблағи дархостии сафар ба давлатхои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Австралия ва Ҷопон на беш аз $ 2,500 ва барои дигар мамлакатҳо на беш аз $ 2,100 талаб карда шавад;

-нусхаи шиносномаҳо (дохилию хориҷӣ);

-барои намояндагони ташкилотҳои ғийридавлатӣ ба маҷмӯи ҳучҷатҳояшон нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилот низ пешниҳод мешавад.

Бунёд барои иштирок дар як чорабинӣ аз як ташкилот беш аз 1 нафарро маблағгузорӣ намекунад.

Бунёд амалҳои зеринро маблағгузорӣ намекунад:

- иштирок дар чорабиниҳои фанҳои дақиқ, соҳаи варзиш, сайёҳӣ ва тиҷорат;

- сафарҳои хизматии истеҳсолӣ;

- сафарҳо мувофиқи даъватҳои хусусӣ;

- сафарҳои шахсони дорои вазифаҳои воломақоми мақомоти олии давлатӣ;

- курсҳои омӯзиши забонҳо; сафарҳо бо мақсади ҳимояи рисолаи илмӣ.

Бурс барои сафар хароҷоти консулӣ барои иҷозатномаи сафар, нақлиёт, иқомат ва ғизоро фаро мегирад.

Бояд ин нуктаро ба назар гирифт:

— ба шахсоне, ки ҳисобот надодаанд, ё худ талаботи ҳисобдориро иҷро накардаанд, минбаъд аз ҷониби Шӯъбаи ТБ ИҶК-БМ дар Тоҷикистон бурс дода намешавад;

— ба дархосткунанда тӯли як соли тақвимӣ танҳо як маротиба бурс дода мешавад. Мӯҳлати яксола аз рӯзи супоридани ҳисоботи сафари охирини бурсгиранда ҳисобида мешавад;

— ИҶК-БМ дар Тоҷикистон барои гирифтани раводиди сафар, фармоиши чиптаи ҳавопаймо ва меҳмонхона кӯмак намекунад.

Хоҳиш, дархостҳоро тавассути почта ё факс ба унвони ҳамоҳангсози барномаи «Бурсҳо барои сафар» фиристед.

Таваҷҷӯҳ: Ҳамаи дархостҳои Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон РОЙГОН паҳн карда мешаванд.

Attachments:
FileDescriptionFile size
Download this file (TG form 2012.doc)TG form 2012.doc 63 Kb
Download this file (TG form tj 2012.doc)TG form tj 2012.doc 86 Kb

Пурсиш

Ба назари шумо ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор карда шавад?

Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj