Озмуни «Бурсҳо барои курсҳои ҳуқуқи инсон»

Шӯъбаи ташкилоти байналмилалалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - Бунёди мадад дар Тоҷикистон

Барномаи ҳуқуқии Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон озмуни пешниҳоди ғояҳои лоиҳавиро дар мавзӯи зерин эълон менамояд:

Гузаронидани курсҳо дар мавзӯи ҳуқуқи инсон барои донишҷуёни факултаҳои ҳуқуқ ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон кор мекунанд.

Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҷамъиятии манфиатдор, ки таҷрибаи гузаронидани чунин курсҳо ва семинарҳо дар мавзӯи ҳуқуқи инсон доранд, даъват карда мешаванд. Афзалият ба лоиҳаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо дигар макомот ва ташкилотҳо пешнҳод карда мешаванд, дода мешавад.

Ҳаҷми ниҳоии буҷети лоиҳа на бояд аз $80 000 зиёд бошад.

Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

1. Ғояи лоиҳавӣ (на зиёда аз 2 саҳифа) бо мазмуни зайл:

• тавсифи мухтасари ғояи лоиҳа бо асоснок намудани рӯзмаррагии он;

• мақсад, вазифа ва натиҷаҳои интизоршаванда;

• маълумот дар бораи ташкилот;

2. Барнома ва тартиби гузаронидани курсҳо оид ба ҳуқуқи инсон.

3. Нақшаи интихоб намудани иштирокчиёни курсҳо

Меъёрҳои интихоби ғояҳои лоиҳавӣ:

 Фаҳмиши дуруст ва рӯзмаррагии гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ барои муҳофизони ҷавони ҳуқуқи инсон ва донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ

 Навоварии ғояҳо ва роҳҳои амалӣ намудани онҳо;

 Мавҷудияти қудрат ва таҷрибаи мусбати довталаб дар соҳаи дахлдор;

 Устувории ғояи лоиҳавӣ.

Ҳуҷҷатҳо ба озмун дар лифофаи пӯшида бо ишораи «Гузаронидани курсҳо оид ба ҳуқуқи инсон» – то соати 17:00, 15 феврали соли 2012 қабул карда мешаванд.

Машварат доир ба ҷараёни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои озмун 8 феврали соли 2012, аз соати 14:00 то 16:00, дар идораи ШТБ ИҶК – БМТ баргузор мегардад.

Аз ғояҳои лоиҳавии дар доираи озмун қабулшуда ШТБ ИҶК - БМТ ғояҳои ба меъёрҳои озмун мувофиқро интихоб намуда, ба ғолибон пешниҳоди маҷмӯи пурраи дархости лоиҳавиро таклиф менамояд.

Иттилооти пурра ва варақаи унвониро дар идораи ШТБ ИҶК-БМТ, бо суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо», ошёнаи 4, тел: 227-55-58, 441-07-28, 441-07-45, 441-07-46; ё тавассути почтаи электронии osi@osi.tajik.net дастрас намудан мумкин аст. Шахсони масъул: Қаҳрамон Сангинов ksanginov@osi.tajik.net ё Ҷовид Ибодов jovid@osi.tajik.net

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани талаботҳои ШТБ ИҶК-БМТ, нопурра ё пас аз мӯҳлати муайяншуда пешниҳод гардидаанд, баррасӣ намегарданд. Ҳуҷҷатҳо пешниҳодгардида бозгардонида намешаванд.

Пурсиш

Оё истифодаи шиканҷаро аз ҷониби мақомоти ҳифзи хуқуқ метавон дуруст шуморид?

Бале, ба таври дигар ҷиноят ифшо намешавад. - 17.9%
Не, истифодаи шиканҷа манъ аст. - 78.6%
Дар Тоҷикистон шиканҷа нест. - 3.6%
Барои ман фарқаш нест, бигзор шиканҷа кунанд. - 0%

Total votes: 28
The voting for this poll has ended on: 11 Май 2012 - 01:19
Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj