Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷaмъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи ҳамоҳангсози лоиҳа дар барномаи «Маркази миллии тестӣ» озмун эълон менамояд.
Ҳамоҳангсози лоиҳа як зумра корҳои таҳлилӣ, маъмурӣ, техникро дар дастгирӣ ба директори барномаҳои бахши маориф анҷом медиҳад.
Тақозо оид ба вазифа:
• Маълумоти олӣ;
• Ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф;
• Таҷриба дар таҳлил ва баррасии мавод оид ба сиёсати соҳаи маориф;
• Қобилияти омода намудани ҳуҷҷатҳо аз рӯи қайдҳо, сиёҳнависҳо, супоришу дастурҳои шифоҳӣ ва нусхаҳои ҳисоботҳо;
• Таҷрибаи ғании кори маъмурӣ ва идоравӣ;
• Қобилияти хуби муаррифӣ ва одоби муошират;
• Таҷрибаи нигоҳдорӣ ва танзими маводи идоравӣ;
• Қобилияти дар вақташ иҷро кардани кору нақшаҳо;
• Малакаи кор бо компютер, барномаҳои он, васоити дигари техникӣ ва таҷҳизоти идора;
• Муоширати озод бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ.
Номзадҳое, ки ба чунин талабот ҷавоб медиҳанд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: Ҳолнома ё СV, нусхаи диплом ва ду тавсиянома.
Танҳо беҳтарин довталабон ба мусоҳиба даъват мешаванд.
Барои маълумоти бештар, хоҳишмандем ба ИҶК - БМ бо нишонии зер муроҷиат намоед:
Кӯчаи Бохтар 37/1. Тел: 447-41-07-28.E-mail: osi@osi.tajik.net
Ҳуҷҷатҷо бояд то 16 феврали соли 2012 пешниҳод шаванд.