Истифода аз имкониятҳои технологияҳои мобилӣ дар иҷрои проблемаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат

Барномаи иттилоотӣ якҷоя бо барномаи «Ташаббусҳои шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ» барои пешниҳод намудани ниятномаҳо/идеяҳои лоиҳавӣ дар мавзӯи: «Истифода аз имкониятҳои технологияҳои мобилӣ дар иҷрои проблемаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат», аз қабили:

• дастрасии шаҳрвандон ба маълумотҳои оммавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ;

• рушди мӯҳтавои мобилӣ ва нармафзорҳои мобилӣ барои густариш ва дастрасии хизматҳои электронӣ;

• рушди ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ дар беҳтар намудани сифати қарорҳои қабулшаванда ва хизматҳои расондашаванда

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯНД

Ба озмун ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) таҷриба ва майлу рағбат доранд, даъват карда мешаванд. Ба лоиҳаҳое бартарият дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои соҳавии давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратии дорои иқтидори зарурии техникию иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.

Подробнее: Истифода аз имкониятҳои технологияҳои мобилӣ дар иҷрои проблемаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодӣ дар...

Озмун барои иштирок дар Курсҳо оид ба ҳуқуқи инсон барои донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои Тоҷикистон ва кормандони ҷавони ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Маркази тадқиқоти илмии ҳуқуқи инсон, Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Шўъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба иттилои хоҳишмандон мерасонад, ки озмун барои иштирок дар Курсҳо оид ба ҳуқуқи инсон барои донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои Тоҷикистон ва кормандони ҷавони ташкилотҳои ҷамъиятӣ эълон карда мешавад. Курсҳо дар се давр аз моҳи июл то декабр гузаронида мешавад. Маълумоти мухтассар ва анкетаро дар замима дастрас карда метавонед.

Подробнее: Озмун барои иштирок дар Курсҳо оид ба ҳуқуқи инсон барои донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносии...

Озмун барои иштирок дар Мактаби дуюми минтақавӣ доир ба ҳуқуқи ВАО

Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва

Институти ҳуқуқи ВАО –и Украина дар

доираи барномаи ВАО, барномаҳои иттилоотӣ ва њуқуқӣ барои иштирок дар

Мактаби дуюми минтақавӣ доир ба ҳуқуқи ВАО

( даҳаи сеюми майи соли 2012, ш. Душанбе)

озмун эълон менамояд

Мақсади асосии озмун интихоби иштирокчиёни арзанда барои ширкат дар Мактаби дуюми минтақавӣ доир ба хуқуқи ВАО аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошад. Мактаби минтақавӣ доир ба ҳуқуқи ВАО – ин давраи омӯзишии кӯтоҳмуддат барои донишҷӯёни курсҳои болои факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО аст, ки мавзӯъҳои риояи озодии сухан ва иттилоот, ҳимояи шаъну шараф ва обрӯи касбӣ, ҳифзи фаъолияти ВАО, масоили ҳуқуқии телевизиону радио, соҳаи Интернет ва ТИК, дигар мавзӯъҳои ҳуқуқии соҳаи ВАО- ро дарбар мегирад. Бењтарин иштирокчиёни Мактаби минтақавӣ дар кори Мактаби хаштуми байналмилалии ҳуќуќи ВАО, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Киев баргузор мегардад, роҳхат хоҳанд гирифт.

Attachments:
FileDescriptionFile size
Download this file (Application- Regional School.doc)Application- Regional School.doc 57 Kb

Подробнее: Озмун барои иштирок дар Мактаби дуюми минтақавӣ доир ба ҳуқуқи ВАО

Озмун барои дарёфти бурс

Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»

-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»

дар чорчӯбаи лоиҳаи рушди муассисаҳои фарҳангии ғайридавлатӣ, барои созмон додани лабораторияҳои эҷодӣ, мактабҳои санъат, марказҳои тарбияи эстетикӣ, студияҳо ва устохонаҳои ҳунарҳои бадеӣ, озмун эълон менамояд.

Подробнее: Озмун барои дарёфти бурс

Пурсиш

Оё истифодаи шиканҷаро аз ҷониби мақомоти ҳифзи хуқуқ метавон дуруст шуморид?

Бале, ба таври дигар ҷиноят ифшо намешавад. - 17.9%
Не, истифодаи шиканҷа манъ аст. - 78.6%
Дар Тоҷикистон шиканҷа нест. - 3.6%
Барои ман фарқаш нест, бигзор шиканҷа кунанд. - 0%

Total votes: 28
The voting for this poll has ended on: 11 Май 2012 - 01:19
Суроға:
734000, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо».
Телефонҳо: (992 47) 441-07-28, 441-07-45
Факс: (992 47) 441-07-29.
e-mail:osi@osi.tajik.net
  • Facebook Page: sorostj
  • Twitter: sorostj