|
Институти Ҷамъияти Кушода (Open Society Institute), ки дафтари кулли он дар шаҳри Ню-Йорк ҷойгир аст, бунёди хусусӣ буда, барои пешниҳод намудани бурсҳо , тамоми шабакаи Фонди Соросро таъмин менамояд. Шабака аз бунёдҳои мустақил иборат мебошад, ки дар беш аз 50 мамолики дунё амал мекунад. Бунёдҳои мазкур, идеяҳои ҷомеаи кушодаро паҳн намуда, дастгирии лоиҳаҳоро дар самтҳои маориф, ВАУ, тандурустии ҷамъиятӣ, ҳуқуқи инсон, барномаҳои занона, лоиҳаҳо дар соҳаҳои тағйиротҳои ичтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар бар мегирад. Барои паст кардани оқибатҳои манфии глобализатсия, шабакаи Бунёди Сорос кушиш менамояд, ки идеяҳои глобалии ҷамъияти кушодаро тавассути ҳамкорӣ намудан бо ташкилотҳои дигари ғайриҳукуматӣ, инчунин сохторҳои давлатӣ ва институтҳои байналмилалӣ ба роҳ монад. Институти Ҷамъияти Кушода соли 1993 аз ҷониби маблағгузор ва соҳибэҳсони маъруф Ҷорҷ Сорос барои дастгирӣ намудани бунёдҳои ӯ дар Аврупои шарқию марказӣ ва мамолики собиқ шуравӣ эҳё гардид. Маҳз аз ҳамон вақт шабака фарогирии ҷуғрофиашро васеъ намуда, айни ҳол фаъолияти бунёдҳои мазкурро дар давлатҳои Африқо, Осиёи Марказӣ , Қофқоз, Ҳаити, Амрикои Лотинӣ, Муғулистон, Осиёи Ҷанубию Шарқӣ, Туркиё ва ИМА васеъ намуд. Ҳар кадоме аз ин Бунёдҳо идораҳои роҳбарикунанда дошта, аз рӯи барномаҳои хусусиашон фаъолият мекунанд. Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад-Тоҷикистон Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бори аввал дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 августи соли 1993 ва дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурӣ 4 ноябри соли 1996 ба қайд гирифта шуд. Дар моҳи декабри соли 2007 ташкилоти мазкур дар Вазорати Адлияи ҶТ ба ҳайси Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз нав қайд гардид. Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад-Тоҷикистон қисми шабакаи байналмилалии Бунёдҳо ва яке аз Бунёдҳои миллии шабакаи Институти «Ҷамъияти Кушода» мебошад.
Ҳадафи стратегии Бунёд аз дастгирии рушд ва пешрафти равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, ташкил ва инкишофи ҷомеаи демократӣ дар кишвар иборат мебошад. Фаъолияти асосии Бунёд аз идеяҳои инсондӯстӣ, адолати ичтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон иборат мебошад. Дар муддати 12 соли сипаригашта, Бунёд баҳри инкишофи тамоми соҳаҳои рушди ичтимоӣ, дастгирии тағйиротҳо дар соҳаи маориф, тандурустии ҷамъиятӣ, фарҳанг ва ҳунар, ҳуқуқ, ВАУ, соҳибкорӣ, худидоракунии маҳаллӣ, сиёсати гендерӣ, ақаллияти этникӣ, рушди сайёҳӣ, масъалахои паст намудани талабот ба маводи мухаддир ва коҳиш додани паҳнгардии ВНМБ/АНМБ ва ғ. кӯшиш намуда истодааст. ИҶК БМ - Тоҷикистон бо сохторҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ: ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бунёдҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва дигар сохторҳо ҳамкорӣ мекунад. Дар зер шумо метавонед маълумоти муфассалро оид ба бунёдҳои миллӣ, ки аъзои шабакаи ҷаҳонии Бунёди Сорос мебошанд, пайдо намоед. Институти Ҷамъияти Кушода-Албания Институти Ҷамъияти Кушода-Македония
Бунёди мадади Институти Ҷамъияти Кушода -Арманистон Бунёди Сорос-Молдова Бунёди мадад Институи Ҷамъияти Кушода-Озарбойҷон Бунёди Ҷамъияти Кушода-Муғулистон Бунёди Ҷамъияти Кушода-Босния ва Ҳертсаговина Институти Ҷамъияти Кушода-Черногория
Бунёди Ҷамъияти Кушода-Булғористон
Бунёди Стеван Батор (Лаҳистон)
Бунёди Ҷамъияти Кушода-Руминия Бунёди Ҷамъияти Кушода-Прага (Ҷумҳурии Чех)
Бунёди Эстонияи Кушода Бунёди Ҷамъияти Кушода-Сербия
Бунёди Ҷамъияти Кушода-Гурҷистон
Институти Ҷамъияти Кушода-Братислав (Словакия) Бунёди Сорос-Гватемала
Бунёди Ҷамъияти Кушода – Африқои Ҷанубӣ Fondation Connaissance et Liberte (Ҳаити)
Ташаббуси Ҷамъияти Кушода – Африқои Ҷанубӣ Бунёди Сорос-Маҷористон Бунёди Сорос-Қазоқистон
Бунёди мадади Институти Ҷамъияти Кушода-Туркия
Бунёди Ҷамъияти Кушода-Косово Фонди Байналмилалии Эҳё (Украина)
Бунёди Сорос-Латвия
Ташаббуси Ҷамъияти Кушода – Африқои Ғарбӣ Бунёди Ҷамъияти Кушода-Литва |