| Бурсхо барои сафар |
|
|
|
| Автор: Administrator |
| 13.07.2010 08:53 |
|
Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз сабаби ба рухсатии меҳнатӣ баромадани кормандони ташкилот, барномаи «Бурсҳо барои сафар» қабули ҳуччатҳоро пас аз 16 августи соли 2010 идома медиҳад. Шартҳои озмуни барномаро хотиррасон мекунем: Дастгирии молиявӣ дар шакли грант ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати мавҷудияти даъватномаи расмӣ ба чорабиниҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳое, ки дар дохили кишвар баргузор мегарданд (таҳсили кӯтоҳмуддат (на зиёда аз 12 моҳ) муаррифӣ дар конфронсҳо, симпозиумҳо, барои фаъолият дар китобхонаҳо ва хазинаҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва ғайра) дар асоси озмун пешниҳод карда мешавад. Маблағгузории иштироки довталабон дар чорабиниҳо аз рӯи илмҳои гуманитарӣ (ба ғайр аз курсҳои забономӯзӣ) инчунин илмҳои дақиқ, ки баҳри рушди ичтимоию иқ тисодии кишвар нигаронида шудаанд, сурат мегирад. Дархостномаҳо барои чорабиниҳои байналмиллалӣ 2 моҳ қабл аз оғози чорабинӣ қабул карда мешаванд. Дар як соли тақвимӣ грант барои сафар як маротиба дода мешавад. Дархостномаҳо барои озмун доимо, дар давоми сол қабул мешаванд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва нусхаи дархостномаҳо ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази «Vefa», ошёнаи 4-ум, Ҳуҷраи 404, тел: 441-07-50, 441-07-46, е-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен JavascriptДархостномаҳо тавассути почтаи электронӣ низ қабул карда мешаванд. Дархостномаҳое, ки талаботи Бунёд-ро ба инобат нагирифтаанд ва ё номукаммаланд, ё мӯҳлати пешниҳоди дархостномаҳо, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ нестанд дида баромада намешаванд. Қарори Раёсат аз нав дида баромада намешавад. Номзадон аз натиҷаи озмун ба воситаи почта хабардор карда мешаванд. Сабабҳои рад гардидани дархостномаҳо шарҳ дода намешаванд. Маводи ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешавад. Барои намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ супоридани нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилот ҳатмист. Тамоми дархостномаҳои Шўъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон БЕПУЛ паҳн карда мешаванд. |
| Обновлено 13.07.2010 09:16 |
Рӯзномаи рӯйдодҳо
| < | ИюлAUGUST_SHORT=Авг 2010 | > | ||||
| Д | С | Ч | П | Ҷ | Ш | SU |
| 1 | 2 | 3 | 4 | |||
| 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
| 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
| 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
| 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |
Ҳисобкунак






![]() | Имрӯз | 79 |
![]() | Дирӯз | 147 |
![]() | Ҳафта | 450 |
![]() | Моҳ | 1024 |
![]() | Ҳамагӣ | 5579 |











