| Дар Душанбе муаррифии албоми мусаввараи «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» баргузор гардид |
|
Дар Душанбе муаррифии албоми мусаввараи «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» баргузор гардид.
29 маи соли 2010 дар бинои Театри Давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди сайёҳӣ», муаррифии албоми «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» баргузор гашт. Албом аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» омода гашта, ба ҳафт ёдгориҳои нодири кишварамон бахшида шудааст. Ҳадафи асосии нашр намудани албом ин бархурдор намудани омма оид ба ҳафт ёдгории нодири Тоҷикистон, ки ғолиби озмуни мазкур шудаанд, иборат мебошад. Албом мазкур сезабона буда, дар худ маълумот бо забонҳоии тоҷикӣ, англисӣ ва русиро ҷой додааст. Ин имкон медиҳад, ки иттилоот оид ба ёдгориҳои нодири кишварамон натанҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон муаррфӣ гардад, балки меҳмонони хориҷӣ низ аз он баҳра мебаранд. Ба ғайр аз муаррифӣ дар барнома инчунин сурудҳои халқӣ дар иҷрои ансамбли халқии ноҳияи Балҷувон ва гурӯҳи САМО ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин ғолибони СМС - овоздиҳӣ бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд. Дар ҷамъбасти муаррифӣ дар толори театр намоиши суратҳо бо манзараҳои нодири диёрамон доир гардид. Маълумот: Дар соли 2009 бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди сайёҳӣ», дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон, аввалин озмуни кушодаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар чаҳорчӯбаи он, ҳафт ёдгориҳои нодири таърихию меъморӣ ва табиии Тоҷикистон интихоб шуданд. Мақсади асосии озмун, аз ҷалб кардани диққати бештар ба барқарор ва ҳифз кардани ёдгориҳои нодири таърихӣ, меъморӣ ва табиӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошанд, иборат мебошад. Ҳамчунин, озмун мақсад гузоштааст, ки баҳри барқарор кардани шавқу ҳаваси мардум оид ба омўзиши таърихи кишвар, истифодаи табиат дар манзараҳои таърихии Тоҷикистони имрўза, таҳкими робитаи байни наслҳо кӯшиш намояд. Натҷаи озмун 9 сентябри соли 2009 дар рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон эълон гардид. |












