| “NetRiders Tajikistan 2010” дар Душанбе оғоз мегардад |
|
Дуюмин Олимпиадаи технологияҳои иттилоотии шабакавӣ “NetRiders Tajikistan 2010” дар Душанбе оғоз мегардад
27-29 апрели соли ҷорӣ Академияи Шабакавии CISCO, ки дар назди Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амал мекунад, бо дастгирии Барномаи иттилоотии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад – Тоҷикистон дуюмин олимпиадаи CISCO “NetRidersr 2010”-ро баргузор менамояд.
Дар Тоҷикистон Олимпиадаҳои Cisco бори дуюм аст, дар чаҳорчўбаи барномаи васеи Академияҳои Шабакавии Cisco, ки ба тайёрии бунёдии мутахассисони назария ва амалияи балоиҳагирӣ, сохтмон ва истифодабарии шабакаҳои маҳаллӣ ва глобалӣ бо татбиқи стандартҳои аз тарафи умум эътирофшудаи байналмилалӣ равона гардидаанд, гузаронда мешаванд.
Мақсади асосии гузарондани Олимпиада дар байни ҷавонон маъмул гардондани ТИК мебошад. Инчунин, мусоидат ба рушди захираҳои башарӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникативӣ бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаи васеи иттилоотӣ, додани имконият ба ҷавонони Тоҷикистон дар бобати нишон додани малакаю истеъдоди худ, инчунин ёрӣ расондан ба онҳо баҳри баланд бардоштани боварӣ ба қувваю дониши худ мебошад. Дар Олимпиада шунавандагони Академияҳои Шабакавии Сisco, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, инчунин ҳамаи хоҳишмандон аз ҷумлаи донишҷўёни мактабҳои олии ҶТ метавонанд иштирок кунанд.
27 апрели соли 2010 ҳангоми кушодашавии Олимпиада дар Маркази илмию патентии ҷумҳурӣ ширкати намояндагони вазорату идораҳо, бонкҳо, роҳбарони мактабҳои олӣ, провайдерҳои Интернет ва алоқаи мобилии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои мамлакат иштирок хоҳанд кард.
Таваҷҷуҳи намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ ба баргузор гаштани Олимпиадаи "NetRiders Tajikistan 2009" зиёд буда, эшон баҳри баргузор гардидани он саҳми худро гузоштаанд. Сармоягузори байналмилалии мусобиқа ширкати «Cisco Systems International B.V.» Амстердам, (Нидерландия)буда, сармоягузори кулли Олимпиадаи "NetRiders Tajikistan 2009" ҶММ «Вавилон-Т» мебошанд. Дастгирии иттилоотии Олимпиада аз ҷониби «Радио А-FM» анҷом дода мешавад. Шарик ва ташкилотчии Олимпиада Академияи Шабакавии Cisco TARENA мебошад.
Ғолибони олимпиада бо тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ хоҳанд шуд, ваучерҳо барои адои таҳсил дар Академияи Cisco аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа аз рӯи ҷоизаҳои «Мутихассиси беҳтарин дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ», «Мутахассиси беҳтарин дар соҳаи ТИК» ва се ҷоизаи «Беҳтарин мутахассиси ТИК аз ҷумлаи хонумон» муайян гардидаанд.
Маълумот: Академияи CISCO аз тарафи ширкати Cisco Systems - лидери ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои шабакавӣ (Калифорния, ИМА) таъсис шудааст. Барномаи Академияи Cisco дар 168 мамлакат, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Украина фаъолият мекунад. Дар он зиёда аз 2 млн. шунавандагон таълим гирифтанд.
Одимпиадаи дуюми технологияҳои иттилоотии шабакавӣ “NetRiders Tajikistan 2010” 27-29 апрели с. 2010 дар толори конфронсҳои Маркази илмию патентии ш. Душанбе бо суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14А (истгоҳи «Голубой экран») баргузор мегардад. Оғоз: соати 11:00.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба менеҷери Академияи Шабакавии Cisco Абдуҷаббор Фаттоев бо тел: 221 37 61, 918 61 42 10 (моб) муроҷиат намоед.
Санаи нашр: 26 апрели с. 2010 Шахси масъул: Мирзоев Бахтиёр. |











